Thumbnail Image

Низоми обёрии зироатҳои кишоварзӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим ва банақшагирии ҳосилнокӣ










Also available in:
No results found.

Related items

Showing items related by metadata.

  • Thumbnail Image
    Booklet
    Дастур оид ба ҳисоббрории реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим ва банақшагирии ҳосилнокӣ 2022
    Also available in:
    No results found.

    Нашрияи пешниҳодшуда барои тартиб додани низоми обёрии зиратҳои кишоварзӣ ҳангоми ба нақша гирифтани ҳосилнокии онҳо бо назардошти тағйир ёфтани иқлим пешбинӣ шудааст. Дар он алгоритми ҳисоббарории реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба ҳосилнокии нақшавӣ, ки аз чор марҳила иборат аст, равшан дарҷ гардидааст. Инчунин дар ин дастур маълумот оид ба ҳисоббарории намнокии қабати фаъоли хок қабл аз обмонӣ, давраҳои инкишофёбии зироатҳои кишоварзӣ, усулҳои тартиб додани реҷаи обёрӣ, ки аз теъдод, меъёр ва санаи обмониҳо, мӯҳлати байни обмониҳо ва гидромодули онҳо иборат мебошанд, муфассал оварда шудааст. Баҳри тартиб додани реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ҳангоми банақшагирии ҳосил истифодаи усули графоаналитикӣ ва аналитикӣ пешниҳод шудааст. Дар охир, мувофиқи моделҳои пешгӯии тағироти иқлим, принсипи мутобиқгардонии реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ба тағирёбии иқлим оварда шудааст. Дастури мазкур бароии мутахассисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, хоҷагиҳои деҳқонӣ, муҳандисони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, кормандони вазорату идораҳои марбут ба истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об, донишҷӯёни соҳаҳои гидромелиоратсия, аграрӣ, иқтисодиёти аграрӣ ва дигар истифодабарандагони об пешбини шуда, бо қарори Шӯрои методии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон суратҷаласаи №13 аз 02.07.2021 ба чоп тавсия шудааст.
  • Thumbnail Image
    Project
    Тавсияҳо оид ба "Реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 2021
    Also available in:
    No results found.

    Тавсияи мазкур дастурест, ки дар асоси меъёрҳои мавҷудаи баҳодиҳии талаботи об барои зироатҳои гуногуне, ки дар ҳавзаҳои дарёҳо парвариш карда мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025 пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, лоиҳаи ФАО барои таҳияи нашрияҳои алоҳида барои ҳар як ҳавзаи дарёҳои Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад, ки ин нашрия ҳавзаи дарёи Кофрниҳонро дар бар мегирад. Нашрия барои муҳандисони об, таҷрибаомӯзон, хоҷагиҳои хурд ва оилавӣ, мутахассисони ҷавон, аъзоёни Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ташкилотҳои ҳавзаи дарёҳо ва дигар шахсони манфиатдор таҳия шудааст. Нашрия ба таври қулай ба забони тоҷикӣ таҳия шудааст. Илова бар ин, Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри нашрияро тавсия додааст. Нашрия мутобиқсозии меъёрҳои мавҷудаи обёрии зироатҳоро бо мақсади дастгирии истифодабарандагони об барои баҳодиҳии дақиқи талаботи оби зироат дар шароитҳои гуногуни тағйирёбии иқлим ва тағйироте, ки дар қисми болоии ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзии воқеъ дар Тоҷикистон рух медиҳанд, шарҳ медиҳад.
  • Thumbnail Image
    Project
    Тавсияҳо оид ба "Реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар ҳавзаи дарёи Вахш”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 2021
    Also available in:
    No results found.

    Тавсияи мазкур дастурест, ки дар асоси меъёрҳои мавҷудаи баҳодиҳии талаботи об барои зироатҳои гуногуне, ки дар ҳавзаҳои дарёҳо парвариш карда мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025 пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, лоиҳаи ФАО барои таҳияи нашрияҳои алоҳида барои ҳар як ҳавзаи дарёҳои Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад, ки ин нашрия ҳавзаи дарёи Вахшро дар бар мегирад. Нашрия барои муҳандисони об, таҷрибаомӯзон, хоҷагиҳои хурд ва оилавӣ, мутахассисони ҷавон, аъзоёни Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ташкилотҳои ҳавзаи дарёҳо ва дигар шахсони манфиатдор таҳия шудааст. Нашрия ба таври қулай ба забони тоҷикӣ таҳия шудааст. Илова бар ин, Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри нашрияро тавсия додааст. Нашрия мутобиқсозии меъёрҳои мавҷудаи обёрии зироатҳоро бо мақсади дастгирии истифодабарандагони об барои баҳодиҳии дақиқи талаботи оби зироат дар шароитҳои гуногуни тағйирёбии иқлим ва тағйироте, ки дар қисми болоии ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзии воқеъ дар Тоҷикистон рух медиҳанд, шарҳ медиҳад.

Users also downloaded

Showing related downloaded files

No results found.