Thumbnail Image

Дастури таълимии истифодабарии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ









Б.Р. Аҳмадов, Р. Раҳматиллоев, Б.Б. Ҳоҷиев, Д.Х. Домуллоҷонов, Ф.М. Раҳматиллоев, Ш.И. Мирзоев, Д.Ф. Бобиев. 2022. Дастури таълимии истифодабарии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ. Dushanbe, FAO.



Also available in:
No results found.

Related items

Showing items related by metadata.

  • Thumbnail Image
    Book (stand-alone)
    Дастури таълимии лоиҳакашӣ, сохтмон ва васлкунии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ 2022
    Also available in:
    No results found.

    Дар дастури таълимии мазкур зинаҳо, марҳила ва тартиби лоиҳакашӣ, сохтмон, васлкунӣ, санҷиш ва супоридани СБОО ба истифодабарандагон муфассал маълумот дода шудааст. Дар боби аввал маълумот оид ба зиннаҳои лоиҳакашии СБОО овара шуда, самтҳои муайян кардани нишондодҳои зарурӣ ва марҳилаҳои асосии лоҳакашии СБОО пешниҳод карда шудааст. Боби дуввум доир ба амалинамоии марҳилаҳои лоиҳакашӣ муфассал баён ёфта, аз тартиби ҷамъоварии маълумоти метеорологӣ, маълумот дар бораи макон, хок ва сарчашмаи обӣ оғоз меёбад. Сипас дар бораи ташхиси намудҳо ва ҷойгиршавии зироатҳои кишоварзӣ, муайян кардани обталабии онҳо оварда шуда, марҳиллаи интихоби ҷузъҳои асосӣ ва тарҳрезии СБОО баён гаштаааст, ки азсистемаи васлкунии офтобии беҳаракат ё ҳаракатнок, агрегати насоси барқии зеризаминӣ ё рӯи заминӣ, истифодабарии аз махзани об ё бе махзан ва усули обёрии қатрагӣ ё ҷӯякӣ иборат мебошанд. Пас аз арзёбии андозаҳо ва арзиши СБОО баҳодиҳии самаранокии молиявии кулли система оварда шудааст. Дар охири ин боб мавзӯъҳои интихоби пешакии таъминкунандагони пуриқтидор, баҳодиҳии нархномаҳо ва сифати пешниҳодгардида ва бастани шартнома бо таъминотчии беҳтарин баррасӣ шудааст. Дар боби сеюм масъалаҳои сохтмон, васлкунӣ ва ба истифода додани СБОО ба пуррагӣ оварда шуда, аз баррасии марҳилаҳои раванди корҳои сохтмонӣ ва васлкунииСБОО оғоз меёбад. Сипас дар бораи ташкили корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ гуфта шудааст, ки аз дарёфт кардани сохтмончӣ ва васлгари боэътимод ва банқшагирии корҳо оид ба тайёр кардани майдони васлкунии таҷҳизоти СБОО оварда шудааст. Дар идома масъалаҳои раванди сохтмон ва васлкунии таҷҳизоти СБОО амиқ оварда шуда, тартиби гузаронидани санҷиш ва қабули насоси фотоэлектронӣ, инчунин санҷиш ва қабули кулли система дарҷ шудааст. Дар интиҳои ин боб раванди ҳуҷатгузори ҳаммаи таҷҳизоти васлу санҷишшуда оварда шуда, масъалаҳои супоридани система ва омӯзонидани истифодабарии онҳоро ба истифодабарандагон дарҷ шудааст. Дастури таълимии мазкур барои мутахассисони соҳаи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва муҳофизати замин, захираҳои об, донишҷӯёну магистрон, аспирантҳо, унвонҷӯён, истеҳсолотчиён ва доираи васеъи кормандони илм ва амалияи кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Дастури методӣ оид ба «Истифодабарии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ» бо қарори ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (суратҷаласаи №13 аз 02.07.2021) ҳамчун дастури таълимӣ ба чоп тавсия ва тасдиқ карда шудааст.
  • Thumbnail Image
    Project
    Дастури таълимии истифодабарии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ 2021
    Also available in:
    No results found.

    Дастури таълимии мазкур давоми дастур оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва васлкунии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ буда, на танҳо доир ба истифодабарии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ инчунин оид ба технологияи каммасрафи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ва истифодабарии системаи мошинҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таври соддаву мушахасс маълумот медиҳад. Ғояи нашрия саҳм гузоштан дар баланд бардоштани устувории деҳқонони маҳаллӣ барои мубориза бо мушкилоти мухталифе, ки аз тағирёбии иқлим ба вуҷуд омадааст ва баланд бардоштани ҳосилнокии хоҷагиҳо барои мубориза бо гуруснагӣ ва камбизоатӣ мебошад. Дастури таълимии мазкур барои мутахассисони соҳаи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва муҳофизати замин, захираҳои об, донишҷӯёну магистрон, аспирантҳо, унвонҷӯён, истеҳсолотчиён ва доираи васеъи кормандони илм ва амалияи кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.
  • Thumbnail Image
    Project
    Дастури таълимии лоиҳакашӣ, сохтмон ва васлкунии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ 2021
    Also available in:
    No results found.

    Дастури таълимии мазкур оид ба тарҳрезӣ, сохтан ва насби системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ мебошад, ки ба таври қулай ба забони тоҷикӣ таҳия шудааст. Дар он оид ба марҳиллаҳои тарҳрезӣ, интихоб ва ҷойгиркунии технологияҳои камхарҷи обёрии зироатҳои кишоварзӣ, масъалаҳои васлкунӣ ва ба истифода додани системаи системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ дар ҷамоатҳои дурдасти кӯҳӣ ва берун аз шабакаи интиқоли барқ ҷойгиранд, мисолҳо ва маълумоти муфассал пешниҳод мекунад. Ғояи нашрия саҳм гузоштан дар баланд бардоштани устувории деҳқонони маҳаллӣ барои мубориза бо мушкилоти мухталифе, ки аз тағирёбии иқлим ба вуҷуд омадааст ва баланд бардоштани ҳосилнокии хоҷагиҳо барои мубориза бо гуруснагӣ ва камбизоатӣ мебошад. Дастури таълимии мазкур барои мутахассисони соҳаи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва муҳофизати замин, захираҳои об, донишҷӯёну магистрон, аспирантҳо, унвонҷӯён, истеҳсолотчиён ва доираи васеъи кормандони илм ва амалияи кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Users also downloaded

Showing related downloaded files

No results found.