Thumbnail Image

Дастури таълимии истифодабарии барномаи компютерии AquaCrop барои банақшагирии об бо назардошти тағироти иқлим









Р. Раҳматиллоев, Д.Х. Домуллоҷонов, Ф.М. Раҳматиллоев, Х.Ҷ. Салихбоев, Ф.А. Камолиддинов, Р.Ҳ. Сафарова, Г.Р. Салихбоева. 2022. Дастури таълимии истифодабарии барномаи компютерии AquaCrop барои банақшагирии об бо назардошти тағйироти иқлим. Dushanbe, FAO.


Also available in:
No results found.

Related items

Showing items related by metadata.

  • Thumbnail Image
    Project
    Дастури таълимии истифодабарии барномаи компютерии AquaCrop барои банақшагирии об бо назардошти тағироти иқлим 2021
    Also available in:
    No results found.

    Дар дастурамали таълимии мазкур маълумоти умумӣ дар бораи омода сохтани реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар истифода аз барномаи компютерии AquaCrop оварда шудааст. Инчунин барномаи AquaCrop тағирёбии ҳосили зироатҳои яксолаи кишоварзиро дар шароите, ки омили асосии маҳдудкунанда ин дастрасӣ ба оби обёрӣ аст, моделронӣ менамояд. Ин барнома барои моделронии обталабии зироатҳои обӣ ва лалмӣ истифода карда мешавад.
  • Thumbnail Image
    Project
    Низоми обёрии зироатҳои кишоварзӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим ва банақшагирии ҳосилнокӣ 2021
    Also available in:
    No results found.

    Нашрияи пешниҳодшуда барои тартиб додани низоми обёрии зиратҳои кишоварзӣ ҳангоми ба нақша гирифтани ҳосилнокии онҳо бо назардошти тағйир ёфтани иқлим пешбинӣ шудааст. Дар он алгоритми ҳисоббарории реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба ҳосилнокии нақшавӣ, ки аз чор марҳила иборат аст, равшан дарҷ гардидааст. Маълумот оиди ҳисоббарории намнокии қабати фаъоли хок қабл аз обмонӣ, ҳисоббарории давраҳои инкишофёбии фенологии зироатҳои кишоварзӣ, усулҳои тартиб додани реҷаи обёрӣ, ки аз теъдоди обмонӣ, меъёри обмонӣ, санаи гузаронидани обмонӣ, давраҳои байни обмониҳо ва гидромодули обмониҳо иборат мебошанд, муфассал оварда шудааст. Инчунин формулаҳо барои ҳисоббарории намнокии хок пеш аз обмонӣ барои зироатҳои гунингуни кишоварзӣ оварда шудааст. Баҳри тартиб додани реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ҳангоми банақшагирии ҳосил истифодаи усули графоаналитикӣ ва аналитикӣ пешниҳод шудааст. Дар охир мувофиқи моделҳои пешгӯии тағироти иқлим, тавсияҳо оид ба реҷаҳои обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи мутобиқгардони реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ба тағирёбии иқлим оварда шудааст. Дастури таълимии мазкур бароии мутахассисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, хоҷагиҳои деҳқонӣ, муҳандисони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, кормандони вазорату идораҳои марбут ба истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об, донишҷӯёни соҳаҳои гидромелиоратсия, аграрӣ, иқтисодиёти аграрӣ ва дигар истифодабарандагони об пешбини шудааст.
  • Thumbnail Image
    Booklet
    Дастур оид ба ҳисоббрории реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим ва банақшагирии ҳосилнокӣ 2022
    Also available in:
    No results found.

    Нашрияи пешниҳодшуда барои тартиб додани низоми обёрии зиратҳои кишоварзӣ ҳангоми ба нақша гирифтани ҳосилнокии онҳо бо назардошти тағйир ёфтани иқлим пешбинӣ шудааст. Дар он алгоритми ҳисоббарории реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба ҳосилнокии нақшавӣ, ки аз чор марҳила иборат аст, равшан дарҷ гардидааст. Инчунин дар ин дастур маълумот оид ба ҳисоббарории намнокии қабати фаъоли хок қабл аз обмонӣ, давраҳои инкишофёбии зироатҳои кишоварзӣ, усулҳои тартиб додани реҷаи обёрӣ, ки аз теъдод, меъёр ва санаи обмониҳо, мӯҳлати байни обмониҳо ва гидромодули онҳо иборат мебошанд, муфассал оварда шудааст. Баҳри тартиб додани реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ҳангоми банақшагирии ҳосил истифодаи усули графоаналитикӣ ва аналитикӣ пешниҳод шудааст. Дар охир, мувофиқи моделҳои пешгӯии тағироти иқлим, принсипи мутобиқгардонии реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ба тағирёбии иқлим оварда шудааст. Дастури мазкур бароии мутахассисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, хоҷагиҳои деҳқонӣ, муҳандисони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, кормандони вазорату идораҳои марбут ба истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об, донишҷӯёни соҳаҳои гидромелиоратсия, аграрӣ, иқтисодиёти аграрӣ ва дигар истифодабарандагони об пешбини шуда, бо қарори Шӯрои методии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон суратҷаласаи №13 аз 02.07.2021 ба чоп тавсия шудааст.

Users also downloaded

Showing related downloaded files

No results found.