Thumbnail Image

Дастур барои маъракаҳои эмгузаронии чорво

Аз ҷамъоварӣ то сӯзандору











Феррари, Г. ва Мариано, В. 2024. Дастур барои маъракаҳои эмгузаронии чорво – Аз ҷамъоварӣ то сӯзандору. Дастури човодорӣ ва солимии чорвоb ФАО № 31. Рим, ФАО.

 




Related items

Showing items related by metadata.

  • Thumbnail Image
    Book (stand-alone)
    Роҳнамо оид ба паст кардани сатҳи хатари пеститсидҳо дар рафти амалиёти мубориза бар зидди малах дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ 2019
    Роҳнамо аз таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалии ФАО дар соҳаи мубориза бар зидди малах дар дигар минтақаҳои ҷуғрофии дунё пайравӣ менамояд. Дастури мазкур инчунин воқеиятҳои мубориза бар зидди малахро дар минтақаи ҚОМ ба назар мегирад. Роҳнамо се навъи кормандонро дар рафти маърака таҳти ҳадаф қарор медиҳад: 1 Қабулкунандагони қарор ва ташкилкунандагони маърака – яъне, роҳбарон, сармутахассисони муассисаҳои мубориза бар зидди малах; 2 Коргарони мубориза бар зидди малах – яъне, нозирони дастаҳои коргарон, корбарони пеститсидҳо, ронандагон, мудирони анбор; 3 Узви дастаи мониторинг – яъне, аз дастаҳои махсусгардонидашудаи мониторинги саломатии инсон ва муҳити зист. Сохтори роҳнамо бо назардошти марҳалаҳои асосии гузаронидани маъракаи мубориза бар зидди малах ба таври васеъ тартиб дода шудааст. Баъд аз муқаддимаи умумӣ, чораҳо оид ба паст кардани сатҳи хатар, ки бояд ҳангоми омодагӣ ба маърака андешида шаванд, дар навбати аввал муҳокима карда мешаванд. Ин интихоби инсектитсид, таҷдиди нақшаҳои амал ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода, фармоиши либосҳои муҳофизатӣ, ташкили мониторинги саломатии инсон ва муҳити зист ва омӯзишро дар бар мегирад. Фасли дуюми асосӣ, хатарҳо ба муҳити зист ва саломатӣ, ки метавонанд ҳангоми анҷоми амалиёти мубориза бар зидди малах пеш оянд, инчунин чораҳои паст кардани сатҳи чунин хатарҳоро тавсиф мекунад. Ҳамлу нақл ва нигоҳдории инсектитсидҳо, истифодаи ЛМИ, истифодаи инсектитсидҳо, идоракунии зарфҳои холӣ ва мониторинги хатарҳо ба саломатии инсон ва муҳити зист, дар байни дигар мавзӯъҳо, фаро гирифта мешаванд. Ниҳоятан, фасли сеюм, чорабиниҳоеро, ки бояд баъд аз анҷоми маъракаи мубориза бар зидди малах, ба монанди муносибат бо зарфҳои холӣ ва пеститсидҳои боқимонда ё назорати иҷрои фаъолиятҳо то анҷоми мониторинг сурат гиранд, муҳокима менамояд.
  • Thumbnail Image
    Book (stand-alone)
    Дастури таълимии истифодабарии барномаи компютерии AquaCrop барои банақшагирии об бо назардошти тағироти иқлим 2022
    Also available in:
    No results found.

    Дар дастурамали таълимии мазкур маълумоти умумӣ дар бораи омода сохтани реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар истифода аз барномаи компютерии AquaCrop оварда шудааст. Инчунин барномаи AquaCrop тағйирёбии ҳосили зироатҳои яксолаи кишоварзиро дар шароите, ки омили асосии маҳдудкунанда ин дастрасӣ ба оби обёрӣ аст, моделронӣ менамояд. Ин барнома барои моделронии обталабии зироатҳои обӣ ва лалмӣ истифода карда мешавад. Дар боби аввал маълумоти қадам ба қадам омодашуда оиди дастрасӣ ба файлҳои насбкунӣ, шиносоӣ бо барномаи компютерии AquaCrop ва ба кор омодасозии он оварда шудааст. Дар боби дувум пайдарҳамии қадамҳо оид ба омода сохтани маълумотҳои ибтидоии иқлимӣ (боришот, суръати шамол, намнокии нисбии ҳаво, ҳарорати максималӣ ва минималии ҳаво, нурпошии офтоб), ворид намудани онҳо ба барнома баҳри ҳисоббарории обталабнокии зироати намунавӣ ЕТо оварда шудааст. Ҳам чун мисол барои ҳисоббарорӣ шарту шароити водии Ҳисорро интихоб менамоем. Дар боби сеюм итилоот оид ба омода сохтан ва ворид намудани маълумотҳои ибтидоӣ оид ба хок ва хусусиятҳои физикӣ ва механикии он ба воситаи истифодаи барномаи «Soil Water Characteristics» оварда шудааст. Дар боби чорум пайдарҳамии қадамҳо оид ба омода сохтани маълумот оиди зироатҳои кишоварзии интихоб гашта, сохтани файли «зироат» пешниҳод мешаванд. Дар ин файл маълумот оиди тақвими парвариши зироати кишоварзӣ вобаста ба марҳилаҳои ташаккулёбӣ ва мушоҳидаҳои фенологӣ дохил карда мешавад. Ҳам чун мисол барои ҳисоббарорӣ зироати пахтаро интихоб менамоем. Дар боби панҷум пайдарҳамии қадамҳо оид ба ворид кардани маълумот оид ба идоракунии обёрӣ оварда шудаанд. Дар ин равзана намуди обёрӣ намудани зироати кишоварзӣ, чуқурии обмонӣ, фосилаи байни обдиҳиҳо вобаста ба марҳилаи тараққиёти зироат интихоб карда мешавад. Боби шашум ба моделсозии обталабии зироатҳои кишоварзӣ бахшида шудааст. Ин ҷо истифодабарии барномаи компютерии AquaCrop қадам ба қадам бо расмҳо нишон дода шудааст. Боби ҳафтум ба шароити маҳаллӣ мувофиқ намудани бузургиҳои гуногуне, ки ба барномаи компютери дохилшудаанд бахшида шудааст. Ҳангоми дар саҳро ҷамъоварӣ намудани маълумот оиди рушди фенологии зироат, метавонем бузургиҳоро дар барнома тағйир диҳем, то ки модели мо ба шароити маҳал наздиктар гашта ҳисоббарориҳо боз ҳам дақиқтар шаванд. Дар боби ҳаштум пайдарҳамии қадамҳо оид ба арзёбӣ ва моделсозии обталабнокии зироатҳои кишоварзӣ мувофиқи сенарияҳои гуногуни тағйирёбии иқлим пешкаш шудаанд. Ин ҷо дар истифода аз барномаи генератори обу ҳаво «ClimaSG» истифода бурда маълумотҳои иқлимиро барои сенарияҳои гуногуни тағйирёбии иқлим омода сохта тарзи муқоисаи натиҷаи моделронии обталабнокии зироатҳои кишоварзӣ оварда шудаанд.
  • Thumbnail Image
    Book (stand-alone)
    Дастури таълимии истифодабарии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ 2022
    Also available in:
    No results found.

    Дастури таълимии мазкур давоми дастур оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва васлкунии СБОО буда, на танҳо доир ба истифодабарии СБОО инчунин оид ба технологияи каммасрафи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ва истифодабарии системаи мошинҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таври соддаву мушахасс маълумот медиҳад. Дар боби аввал маълумот, оид ба тартиб додани нақшаи хизматрасонии техникӣ муфассал оварда шудааст, ки масъалаҳои қабули СБОО‑и муҷаҳазшуда ва ташкили санҷиши хизматрасонии техникӣ аз рӯи талаботҳо пурра дарҷ ёфтааст. Инчунин, дар ин боб намунаҳои хатогиҳои маъмул ҳангоми насб, намунаҳои хизматрасонии ғайрифаъол ва муносибати дуруст бо хизматрасонҳо васеъ ифода ёфтааст. Боби дувум оид ба хизматрасонии техникии мунтазами ҳаррӯза, ҳафтаина, ҳар 2–4 ҳафта ва ҳар 2–3 моҳ дар давоми сол бо тартиб оварда шудааст. Дар боби сеюм дар бораи ҷорӣ кардани системаи назорати сифатии СБОО ва ҳуҷҷатгузории он нақл карда шудааст. Дар боби чорум технологияҳои гуногуни каммасрафи обёрии зироатҳои кишоварзӣ муфассал оварда шудааст. Аз он ҷумла намунаи коркард ва ҷорӣ кардани технологияи обмонӣ бо ҷӯякҳо, технологияи микрообёрии зироатҳои кишоварзӣ ва обёрии қатрагӣ дар алоҳидагӣ гуфта шудааст. Дар боби панҷум дар бораи системаи мошинҳои хурдҷуссаи кишоварзӣ ва таснифоти онҳо гуфта шуда, доир ба истифодабарии онҳо барои коркарди хок, тухмипошӣ, коркарди боғҳо ва ҷамъоварии ҳосил маълумот дода шудааст. Дастури таълимии мазкур барои мутахассисони соҳаи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва муҳофизати замин, захираҳои об, донишҷӯёну магистрон, аспирантҳо, унвонҷӯён, истеҳсолотчиён ва доираи васеъи кормандони илм ва амалияи кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Дастури методӣ оид ба «Истифодабарии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ» бо қарори ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (суратҷаласаи №13 аз 02.07.2021) ҳамчун дастури таълимӣ ба чоп тавсия ва тасдиқ карда шудааст.

Users also downloaded

Showing related downloaded files

No results found.